Мақолаҳо Кори андова ҳамчун тиҷорат

Андоваи девор бо дастгоҳ: дар бригада кӣ барои чӣ масъул аст?

Ҳатто бо дастгоҳи хуб кор дар объекти аввал метавонад бозмонад, агар усто, шогирд ва ёрдамчӣ аз соҳибкор дастур интизор шаванд. Дар ин мақола мебинем, ки корро чӣ тавр тақсим кунем ва ҳангоми ҷамъ кардани бригада ба чӣ нигоҳ кунем. Дар эълонҳои маҳаллӣ ин корро «штукатурка бо аппарат» ҳам меноманд.
Мундариҷа

Ҷавоби кӯтоҳ

Прораб барои нақшаи умумӣ ва сифати кори бригадаҳо ҷавоб медиҳад, бригадир бошад, кори як бригадаро ташкил мекунад. Усто метавонад кори андоваро мустақилона то охир расонад. Шогирд ин корро меомӯзад ва супоришҳои аз уҳдааш меомадаро иҷро мекунад. Ёрдамчӣ дар овардани масолеҳ, рӯбучин ва дигар корҳои тайёрӣ кумак мекунад. Барои як дастгоҳ шумораи ягонаи коргарон нест. Як вариант: бригадире, ки худаш андова мекунад, устои дуюм ва як шогирд. Ду кас метавонанд мустақилона кор кунанд, шогирд бошад, супоришҳои мувофиқи малакаашро мегирад. Ин намуна аст, на меъёр: ҳайат ба объект ва малакаи одамон вобаста аст.

Прораб кори ҳамаи бригадаҳоро пеш мебарад

Дар ин тартиб прораб сарвари техникии ширкат аст. Ӯ ҷавоб медиҳад, ки бригадаҳо чӣ қадар корро дар кадом муҳлат ва бо чӣ сифат иҷро мекунанд. Бригадирҳо ба прораб тобеанд ва ба ӯ ҳисобот медиҳанд.

Фарз кунем, ки дар ширкат панҷ бригада ҳаст. Ҳар кадом бригадири худро дорад. Пас, ба прораб панҷ бригадир ҳисобот медиҳанд. Ӯ ба воситаи онҳо супориш медиҳад ва мефаҳмад, ки кор чӣ хел рафта истодааст. Яке хабар медиҳад, ки объект барои қабул омода аст. Дигаре аз таъхир мегӯяд. Сеюмӣ масъалаеро мебардорад, ки пеш аз идомаи кор бояд ҳал шавад.

Прораб бояд вазъро дар ҳамаи объектҳо бинад. Масалан, як бригада корашро тамом карда истодааст. Фармоиши нав ҳаст, вале ҷойи нав ҳанӯз барои оғози кор омода нест. Прораб пешакӣ мефаҳмад, ки чӣ монеъ мешавад, ва нақшаи минбаъдаро мувофиқа мекунад. Фармоишҳоро ширкат тавассути маркетинг ва фурӯш мегирад. Вазифаи прораб ташкил кардани иҷрои онҳост.

Барои ҳамин прораб корро ба нақша мегирад ва иҷрояшро месанҷад. Ӯ мебинад, ки аз ҳаҷми пешбинишуда чӣ қадар иҷро шуд, сабаби қафомониро мефаҳмад ва сифатро месанҷад. Пеш аз супоридан ба фармоишгар корро аз бригадир қабул мекунад ва ислоҳи камбудиҳоро талаб мекунад. Дар рафти кор ҳам санҷиш лозим аст, масалан ҳангоми тайёр кардани девор ва гузоштани маякҳо. Маякҳо роҳнамоҳоеанд, ки дар девор мегузоранд. Усто маҳлулро аз рӯйи онҳо ҳамвор мекунад, то сатҳи девор рост барояд. То молидани маҳлул ҷойи роҳнамоҳоро ислоҳ кардан мумкин аст.

Дар ширкати хурд ин вазифаҳоро худи соҳибкор иҷро карда метавонад. Бо ин тартиб чанд сол ҳам кор кардан мумкин аст. Агар ҳоло ба бригадаҳо худатон роҳбарӣ кунед, кори прораб ба уҳдаи шумост. Вақте ба каси дигар супоридани вазифаҳо ва ҳаққи қароргирӣ имконпазир мешавад, метавонед барои ин вазифа корманди алоҳида гиред.

Бригадир барои кори бригадааш ба прораб ҷавоб медиҳад

Бригадир кори як бригадаро ташкил мекунад. Ӯ супоришҳоро тақсим мекунад, масъалаҳои ҳаррӯзаро ҳал мекунад ва барои сифат ва натиҷаи кори тамоми бригада ба прораб ҷавоб медиҳад.

Бригадир метавонад ҳамзамон усто ҳам бошад. Масалан, ҳамроҳи дигарон маяк мегузорад ё маҳлулро ҳамвор мекунад. Дар баробари ин кори тамоми бригадаашро назорат мекунад.

Фарз кунем, ки як ҳуҷра ҳанӯз барои андова омода нест. Бригадир ба коргарон дар қисмҳое, ки барои андова омодаанд, кор медиҳад. Агар таъхир ба иҷрои ҳаҷми мувофиқашуда дар муҳлат халал расонад, ӯ ба прораб хабар медиҳад. Бригада тартиби кори имрӯзаро муайян мекунад, прораб бошад, мебинад, ки ин тағйир ба нақшаи умумӣ чӣ таъсир дорад.

Ҳангоми интихоби бригадир алоҳида пурсед, ки оё ӯ ба роҳбарии одамон тайёр аст. Устои хуб метавонад корашро бисёр хуб иҷро кунад, вале нахоҳад кори дигаронро ташкил кунад. Агар касе дар бригада ин масъулиятро ба дӯш нагирад, кор боз ба гардани соҳибкор меафтад. Ӯ худаш супоришҳоро тақсим мекунад ва бо саволҳои ҳар коргар сарукор мегирад.

Бо роҳбарӣ шинос шудем. Акнун мебинем, ки худи андоваро кӣ иҷро мекунад. Дар бригада ин се нақш аз ҳам фарқ мекунанд. Ҳангоми ба кор гирифтани одамон ин фарқро аз аввал донистан фоида дорад.

Усто, шогирд ва ёрдамчӣ: фарқи кори онҳо дар чист?

Усто корро мустақилона то охир мерасонад

Вақте «усто» мегӯям, касеро дар назар дорам, ки тамоми рафти корро медонад ва метавонад кори объектро аз аввал то охир мустақилона иҷро кунад. Ӯ медонад, ки деворро чӣ тавр тайёр кунад, маякҳоро чӣ тавр гузорад, дастгоҳро чӣ тавр пайваст кунад ва бо он кор кунад, маҳлулро чӣ тавр молида, деворро ҳамвор кунад.

Ба усто як қисми корро пурра супорида, натиҷаашро талаб кардан мумкин аст. Ӯ худаш мебинад, ки чӣ мондааст ва чиро бояд ислоҳ кард. Ин кор метавонад як қисми супориши умумии бригада бошад. Усто барои кори худаш ҷавоб медиҳад. Бригадир бошад, барои натиҷаи тамоми бригада ба прораб ҷавоб медиҳад.

Аз уҳдаи як амал баромадан ҳанӯз маънои онро надорад, ки кас метавонад тамоми корро пеш барад. Ҳангоми ба кор гирифтани касе муайян кунед, ки кадом корро воқеан аз аввал то охир мустақилона иҷро карда метавонад ва дар кадом кор ҳанӯз ба кумак ниёз дорад.

Шогирд касб меомӯзад, то усто шавад

Шогирд аллакай баъзе корҳоро медонад, вале ҳоло тамоми корро мустақилона иҷро карда наметавонад. Ӯ мехоҳад ёд гирад, супоришҳои навро иҷро кунад ва оҳиста-оҳиста кори усторо аз худ кунад.

Масалан, як амалро хуб иҷро мекунад, амали дигарро ҳоло омӯхта истодааст. Ба ӯ кореро месупоранд, ки аз уҳдааш мебарояд. Агар чизе нофаҳмо бошад, тарзи иҷрояшро нишон медиҳанд. Баъд натиҷаро месанҷанд. Ҳар қадар бештар ёд гирад, ҳамон қадар кори бештарро худаш карда метавонад.

Ҳангоми нақша кашидан шогирдро пешакӣ ҷойгузини устои таҷрибадор ҳисоб накунед. Бубинед, ки ҳоло аз уҳдаи чӣ мебарояд, чӣ меомӯзад ва дар куҷо ҳанӯз ба кумак ниёз дорад.

Ёрдамчӣ корҳои ёрирасонро иҷро мекунад

Ёрдамчӣ халтаҳоро меорад, ҳуҷраро тоза мекунад ва дар дигар корҳои тайёрӣ, ки ба ӯ супурдаанд, кумак мерасонад. Ҳамин тавр устоҳо вақти бештар барои андова кардан доранд.

Ёрдамчӣ барои девори тайёр ё натиҷаи тамоми андова ҷавоб намедиҳад. Аз ӯ иҷрои супориши худашро мепурсанд. Масалан, масолеҳро овард ё не, ҷойи корро тоза кард ё не. Қарори техникӣ ва то охир расондани кор ба уҳдаи касонест, ки малакаи зарурӣ доранд.

Кас метавонад ёрдамчии хуб бошаду нияти андова ёд гирифтан надошта бошад. Барои ҳамин, агар ба шумо устои оянда лозим бошад, бубинед, ки худи одам хоҳиши омӯхтан дорад ё не. Танҳо дар объект муддати дароз кор кардан касро худ аз худ усто намекунад.

Ҳайати бригадаро чӣ тавр интихоб кунем?

Ба шумораи умумии коргарон такя накунед. Аввал бинед, ки чанд нафар андоваро мустақилона иҷро карда метавонанд. Баъд муайян кунед, ки ба кӣ ҳанӯз омӯзиш ё роҳнамоӣ лозим аст.

Бригадире, ки худаш устост, боз як усто ва як шогирд

Ин намунаи бригадаи сенафара аст. Бригадир худаш андова мекунад ва кори дигаронро ташкил мекунад. Устои дуюм қисми супориши худро мустақилона иҷро мекунад. Шогирд кореро мекунад, ки аллакай ёд гирифтааст, ва омӯзишро давом медиҳад.

Дар ин бригада ду кас метавонанд қисми кори худро мустақилона иҷро кунанд. Бригадир бояд ҳам кори худашро ба назар гирад, ҳам вақтеро, ки барои роҳбарии бригада сарф мекунад. Агар ба шогирд кори нав диҳед, пешакӣ муайян кунед, ки кӣ тартиби корро нишон медиҳад ва натиҷаро месанҷад.

Бригадаи таҷрибадор бо бригадири худ

Устоҳои ин бригада ба кори якҷоя одат кардаанд. Супоришҳоро аз бригадири худ мегиранд. Прораб бо бригадир супоришро муҳокима мекунад, талаботи сифатро равшан мекунад ва баъд ба воситаи ӯ натиҷаро месанҷад. Агар ҳоло кори прорабро худатон иҷро кунед, шумо бо бригадир дар бораи кор маслиҳат мекунед.

Чунин бригадаро аз куҷо ёфтан ва корашро чӣ тавр санҷидан мумкин аст, дар мақола дар бораи ба кор гирифтани бригадаи андова (ба забони русӣ) шарҳ додаам.

Як усто ва чанд ёрдамчӣ

Дар ин ҷо шумораи одамон метавонад бештар бошад, вале мутахассисе, ки мустақилона кор мекунад, ҳамон як нафар аст. Ёрдамчиҳо масолеҳро меоранд ва корҳои ёрирасонро иҷро мекунанд. Маякҳоро усто мегузорад. Қарорҳои техникиро ҳам худаш мегирад ва кори тайёрро месанҷад.

Аз чунин бригада танҳо барои он ки одамаш зиёд аст, натиҷаи бригадаеро, ки чанд усто дорад, интизор нашавед. Агар кори мураккаб аз имкони як усто зиёд бошад, зиёд кардани ёрдамчиҳо ин масъаларо ҳал намекунад. Ҳангоми нақша кашидан аввал ба таҷриба ва шумораи устоҳо нигоҳ кунед. Баъд бубинед, ки шогирдон аллакай аз уҳдаи кадом кор мебароянд.

Наим дар бораи бригадаи худ чӣ мегӯяд?

Дар оғози навор Наим назди дастгоҳи андоваи МИКСЕР20 истода, аз таҷрибаи бригадааш нақл мекунад. Мегӯяд, ки бригадааш шаш нафар буд. Дар навор ҳам мебинем, ки чӣ тавр омехтаро ба дастгоҳ мерезанд ва маҳлулро бо шланг ба девор мепошанд.

Шаш нафар ҳайати бригадаи Наим буд, на меъёр барои ҳар дастгоҳ. Дар навор дақиқ гуфта намешавад, ки ҳар кас дар бригада чӣ вазифа дошт. Барои объекти худ аввал муайян кунед, ки кӣ андоваро мустақилона иҷро мекунад, кӣ ба шогирд корро нишон медиҳад ва ба ёрдамчӣ кадом супоришҳоро додан мумкин аст.

Дар оғози навор Наим аз бригадаи шашнафарааш нақл мекунад. Дар навор тарзи ба девор пошидани маҳлулро ҳам мебинед.

Дар YouTube кушоед (ба забони тоҷикӣ, бо зернависи русӣ)

Дар ширкати худ аз куҷо сар кунем?

Нависед, ки ҳоло кори прорабро кӣ иҷро мекунад ва кадом бригадирҳо ба ӯ ҳисобот медиҳанд. Баъд дар ҳар бригада қайд кунед, ки кӣ аллакай устост, кӣ меомӯзад ва кӣ кори ёрирасон мекунад. Агар ягон вазифа ба уҳдаи худатон монда бошад, онро ҳам нависед.

Пеш аз оғози кор муайян кунед, ки кӣ дастгоҳро дар охири ҳар рӯзи корӣ тоза мекунад, кӣ кашондану танзими онро ба уҳда мегирад ва кӣ барои хизматрасонии техникии мураккабтар масъул аст. Ҳамаи ин корҳоро ба бригада супоридан шарт нест: як қисми онҳоро соҳиби ширкат метавонад ба уҳдаи худ гирад.

Баъд бо бригадирҳо муҳокима кунед, ки онҳо барои кадом натиҷа ҷавоб медиҳанд ва кадом қарорро худашон гирифта метавонанд. Барои ҳар шогирд муайян кунед, ки аллакай чӣ кор карда метавонад ва кӣ ба ӯ дар омӯхтани кори навбатӣ кумак мекунад. Ҳамин тавр маълум мешавад, ки дар куҷо мутахассиси мустақил, дар куҷо омӯзиш ва дар куҷо кумак дар ташкили кор лозим аст.

Дар натиҷа тартиби кори ширкат равшан мешавад. Прораб ба воситаи бригадирҳо кори бригадаҳоро пеш мебарад. Бригадир барои бригадаи худ ҷавоб медиҳад. Имкони ҳар бригада аз малакаи одамонаш вобаста аст. Бо ин тартиб метавонед барои ҳар объект ҳайати муносиб интихоб кунед ва фаҳмед, ки дафъаи дигар киро ба кор гиред.

Дар объекти аввал андова бо дастгоҳро чӣ тавр санҷидан мумкин аст?

Агар нахоҳед, ки дастгоҳро бе санҷиш харед, бо менеҷери сомонаи МИКСЕР20 маслиҳат кунед, ки дар объекти худ андова бо дастгоҳро чӣ тавр санҷидан мумкин аст. Бигӯед, ки чӣ қадар кор дар пеш аст ва кадоме аз одамони бригадаатон аллакай мустақилона андова карда метавонад. Он гоҳ метавонед ду роҳро муҳокима кунед: дастгоҳро ба иҷора гирифтан ё бо бригадае кор кардан, ки аллакай дастгоҳ дорад.

Менеҷер навори кори дастгоҳро мефиристад, нархҳои ҷориро мегӯяд ва агар лозим бошад, пешниҳоди тиҷоратӣ омода мекунад. Агар яке аз муштариёни мо омода бошад, ки аз таҷрибаи худ нақл кунад, менеҷер барои мувофиқа кардани суҳбати телефонӣ кумак мекунад. Агар дар наздикии шумо объекти мувофиқе ёфт шавад ва муштарӣ ба қабули шумо розӣ бошад, метавонед кори дастгоҳро аз наздик бинед.

Ба сомонаи МИКСЕР20 гузаред